Санаи 17 феврали соли 2026 Юлдошзода Олимбек Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов зимни сафари корӣ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз аз фаъолияти муассисаи таълимии томактабии №21 шинос шуданд. Ҳамчунин барои сохтмони толори варзишӣ дар муассисаи мазкур санги асос гузоштанд.Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони толори мазкур бо ташаббуси волидайни тарбиятгирандагони муассисаи таълимии томактабии №21 ва шахсони саховатпеша оғоз карда шуда, барои гузаронидани машқҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.
Раиси ноҳия дар саҳни муассиса бо мураббиён ҳамсуҳбат шуда, онҳоро вазифадор намуданд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон ва хуб ба камол расидани онҳо саҳми худро гузоранд.
Инчунин, Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек бо соҳибкорон, падару модарони тарбиятгирандагон ва собиқадорони меҳнат суҳбат намуда, ташаббуси онҳоро намунаи олии ватандорӣ арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои ояндаи дурахшони фарзандон таъсири хуб мерасонад.







