Дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 15 январи соли 2026 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз аз манзили истиқоматие, ки дар натиҷаи сӯхтор зарар дидааст, боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид Раиси ноҳия бо вазъи зисти оилаи осебдида аз наздик шинос шуда, ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои ҳодисаи рухдода ва барқарорсозии манзили истиқоматӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бо мақсади расонидани кӯмаки амалӣ ва дастгирии иҷтимоии оилаи зарардида, барои барқарор намудани манзили истиқоматӣ аз ҷониби Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек кӯмаки молиявию масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили хишт, регу шағал, аз ҷумла ба маблағи 10 (ҳазор) сомонӣ ҷудо ва дастрас карда шуд.
Зикр гардид, ки таҳти сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ ҷиҳати дастгирии қишрҳои ниёзманди аҳолӣ ва расонидани кӯмак ба оилаҳое, ки дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ қарор доранд, тадбирҳои саривақтӣ меандешад.





