Санаи 7 январи соли 2026 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз фаъолияти пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» шинос гардиданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» солҳои 60-уми қарни гузашта дар маҷрои дарёи Сир бунёд шуда, 6 агрегати он ниёз ба таъмири пурра пайдо карда, ду агрегати дигар умуман фаъолият намекард.
Аз ин сабаб дар самти обёрии заминҳои кишоварзӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти Деҳмой, Гулхона, Сомониён, Ғулакандоз, инчунин қисман заминҳои ҳудуди деҳоти Ҳаёти нав мушкил ба вуҷуд меомад.Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 пойгоҳи обкашии мазкур пурра таъмиру таҷдид гардида, муҳаррику дастгоҳҳои нав насб карда шуд, ки тавассути пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» 7885 гектар замини кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо оби полезӣ таъмин карда шуда буд.Имрӯзҳо, пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» ҳамагӣ 8 адад агрегат доро буда, 4 адад агрегат пурра аз таъмир бароварда шудааст, ки барои обёрии мавсими соли 2025 омода мебошад.Пойгоҳи обкашии мазкур дар умум 9735 гектарро бо оби полезӣ таъмин мекунад ва зиёда аз 12 нафар кормандон дар ин ҷо кору фаъолият мебаранд.
Дар зимни боздид Раиси ноҳия ба масъулини Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия барои таъмини фаъолияти муназзами пойгоҳ ва сари вақт бо оби полезӣ таъмин намудани заминҳои кишоварзӣ супоришҳои мушаххас доданд.





