Дар вилояти Суғд натиҷаҳои озмуни вилоятии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» ҷамъбаст гардида, ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои гуногун муайян ва қадрдонӣ карда шуданд.Боиси ифтихор аст, ки дар бахши «Ноҳияи беҳтарин», ноҳияи мо – Ҷаббор Расулов ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ба ин муносибат, санаи 12 январи соли 2026 Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек диплом ва мукофоти пулӣ тақдим намуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ин дастоварди муҳимро ба тамоми сокинон, аҳли заҳмат, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша самимона табрик гуфта, барои саҳми арзанда дар рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия изҳори сипос менамояд.
Бо итминони комил иброз медорем, ки дар соли 2026 — «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти роҳбарии Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек, бо дастгирии ҳамешагии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода боз ҳам сарҷамъона ва бо азму иродаи қавӣ ҷиҳати татбиқи нақшаву барномаҳои давлатӣ дар партави ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, содиқона заҳмат хоҳанд кашид.


