ИДОМАИ ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ – иштироки Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек дар баргузории чорабинии ҷашни наврӯзии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи истироҳатии “Уқобча” -и Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов

image_pdfimage_print

Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад.Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.