ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ВА ҲАВЗИ ШИНОВАРӢ ДАР КӮДАКИСТОНИ № 6 БА НОМИ “ГУЛШАН” ВОҚЕЪ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒӮЛАКАНДОЗИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

image_pdfimage_print

“Варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад“.

Эмомалӣ Раҳмон

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин ба Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳия ташриф оварда, толори варзишии кӯдакона ва ҳавзи шиноварӣ воқеъ дар кӯдакистони №6 ба номи “Гулшан”-ро ифтитоҳ намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонии толори варзишии кӯдакистони №6 ба номи “Гулшан” воқеъ дар деҳаи Ғӯлакандоз моҳи августи соли 2025 оғоз гардида, айни ҳол пурра ба анҷом расонида шуда, барои машқу бозии кӯдакона, ҳавзаи шиноварӣ барои кӯдакон пешбинӣ гардида, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аз ҷониби роҳбарияти кӯдакистони мазкур, волидайни кӯдакон ва соҳибкорони маҳаллӣ сохта бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки чунин иқдомҳои нек ҳамчун макони нерӯмандию солимӣ маҳз ба хотири ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва парвариши насли ҷавону навраси ҷомеа равона гардидааст.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед вобаста ба шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои насли наврасу ҷавонон қайд кард, ки маҳз сохта ба истифода додани майдончаҳои варзишии наву замонавӣ ва дигар инфрасохтори соҳаи варзиш, ин самараи Истиқлолияту ваҳдати комили миллӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки кӯдакистони №6 ба номи “Гулшан” бо шароити мусоид таъмин буда, дар он зиёда аз 570 нафар тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар умум 38 коргар – 30 нафар омӯзгор (мураббия), 2 мушовир, 2 нафар роҳбари гуруҳи рақсӣ фаъолият мекунанд.

Ҳамчунин, дар кӯдакистони мазкур аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ дарс дода шуда, маҳфили рақс низ баргузор мегардад.

Роҳбари ноҳия таъкид намуданд, ки ин ҳама тадбир дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суръат гирифта истодааст ва барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи кӯдакон тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, таъсиси мактабу кӯдакистонҳои замонавӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои соҳаи маориф, ҳифзи тандурустии кӯдакон дар дармонгоҳҳо ва оила, ташкили истироҳату фароғати бачагон ва баланд бардоштани мақому манзалати мактабу кӯдакистонҳо корҳои зиёд амалӣ шуда истодаанд.

Ҳамчунин, ба масъулин ва мураббиён иброз гардид, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тадбирҳои судманд андешанд.