КИШТИ ПУНБАДОНА ДАР ХОҶАГИҲОИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ВУСЪАТ МЕЁБАД

image_pdfimage_print

Пахтакорӣ бахши сердаромади соҳаи кишоварзии мамлакат буда, рушди он барои таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом, бо ҷойи кор таъмин намудани мардум ва дар тақвияти иқтисодиёти мамлакат нақши муҳим дорад.
Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз мусоид омадани боду ҳаво ва имконоти мавҷуда истифода намуда кӯшиш карда истодаанд, ки кишти пахтаро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ба анҷом расонанд.
Санаи 8 апрели соли 2025 зимни сафари кории Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳамроҳи Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек дар ҷараёни оғози кишти пунбадона дар хоҷагии деҳқонии “Мӯминбобо” -и Ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳия иштирок намуданд.
Иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии “Мӯмин бобо” соли 2004 таъсис дода шуда, зиёда аз 40 нафар саҳмдорон дар он фаъолият менамоянд.Хоҷагии деҳқонии мазкур дорои 33 гектар замини корам буда, аз он ба 23 гектар пахта ва дар боқимонда ба масоҳати 4,6 гектар гандум, 0,4 гектар картошка, 1,0 гектар пиёз ва дигар зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт карда мешавад.
Раиси хоҷагии деҳқонӣ Қаландаров Бегиҷон истиқоматкунандаи деҳаи А.Назарови Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, тасмим гирифтааст, ки аз 1 гектари пахта то 30 – 40 сентнер ҳосил гирад.
Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо кишоварзону деҳқонон ва фаъолон иброз доштанд, ки бо мақсади иҷрои дурнамо бояд ҳар ваҷаб замин самаранок истифода гардида, хоҷагидорон парвариши зироатро бо шаклу усулҳои муосир амалӣ намоянд ва ҷиҳати ба даст овардани маҳсулоти хушсифати ватанӣ саҳмгузор бошанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамаи самтҳои соҳаи кишоварзӣ дар мадди таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.