Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар самти бунёди боғҳои интенсивӣ ва боғи ангур дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз ташкил карда мешавад.
Дар ин бора санаи 17 феврали соли 2026 зимни сафари кории Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз иттилоъ дода шуд.Аз тарафи хоҷагии деҳқонии “Ботурҷон” бо мақсади барқарор ва бунёди боғи ангур аз шаҳри Турсунзода се навъи ангур зиёда аз як ҳазор бех ниҳоли ангур дастрас гардида, дар масоҳати як гектари замини хоҷагии деҳқонӣ боғи ангур бунёд хоҳад шуд.
Юлдошзода Олимбек иқдоми деҳқононро барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои татбиқи пурраи дастуру тавсияҳо дод.
Ҳамзамон раиси ноҳия зимни бунёди боғи ангур бо собиқадорони меҳнат суҳбати самимӣ ороста дар рафти суҳбат саҳми арзандаи собиқадоронро дар рушди соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии ноҳия, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ ва тарбияи насли ҷавон таъкид намуда, заҳмати содиқона ва таҷрибаи ғании онҳоро намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Инчунин аз ҷониби раиси ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ ба собиқадорони меҳнат тақдим карда шуда, барояшон саломатии бардавом, умри дароз ва рӯзгори обод таманно намуданд.Собиқадорони меҳнат аз таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии давлату Ҳукумат изҳори сипос намуда, чунин суҳбати самимиро нишонаи эҳтиром ба арзишҳои меҳнатдӯстӣ ва ваҳдати миллии ҷомеа арзёбӣ карданд.





