Собиқадорони иззатманд ва кормандони мақомоти адлияи ноҳияи Ҷаббор Расулов!
Боиси ифтихор аст, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола санаи 20-уми апрел дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти адлия ботантана ҷашн гирифта мешавад. Бо ин муносибат ҳамаи Шумо, кормандони мақомоти адлия ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиатон табрику таҳният мегӯям ва бароятон саломатии доимӣ, хотирҷамъии ҳамешагӣ ва рӯзгори пурфайзу босаодатро таманно дорам.
Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ таъмини амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаҳои меъёрэҷодкунӣ, таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ, баҳисобгирӣ, бақайдгирии давлатӣ, мурат-табсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, экспертизаи судӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҷабҳаҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, амалӣ менамояд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин ҷода кормандони мақомоти адлияи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳам вазифаи хизматиашонро бо сарбаландӣ иҷро карда истодаанд.Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти адлия дар кишвари мо бемайлон инкишоф ёфта, таърихи басо ибратбахшро аз сар гузаронд.
Зеро ташаккул ва рушди соҳаи меъёрэъҷодкунӣ дар мамлакат ба фаъолияти ҳамин мақомот вобастагии хоса дорад.Ба ҳамагон маълум аст, ки тараққиёти ҷомеаро бе мустаҳкамии пояҳои қонуният ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.
Маҳз Ваҳдати миллӣ, ки дар партави он бо сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва ба шарофати Истиқлоли давлатӣ, кишварамон рӯз аз рӯз ободу зебо, пешрафту шукуфо ва босуръат инкишоф ёфта истодааст, ба фаъолияти мақомоти адлия асос гузошт ва солгарди таъсисёбии мақомотро ҷомеаҳои меҳнатӣ бо дастовардҳои баланд ва нишондиҳандаҳои назаррас ҷашн мегиранд.Кормандони мақомоти адлия дар тарғиб, таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии онҳо, ташаккул додани ҳисси масъулият ва эҳтироми қонун дар ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов боварӣ дорад, ки масъулини соҳа дар оянда низ фаъолияташонро густариш дода, дар рушду шукуфоии кишвари азизамон саҳми арзанда мегузоранд.
Дар интиҳои сухан аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамаи Шумо, кормандони мақомоти адлия ва собиқадорони соҳаро, бо Рӯзи кормандони адлия табрику муборакбод мегӯям, бароятон сарбаландию некномӣ, тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ, хонаи обод, хушбахтӣ ва дар фаъолияти бомасъулият барору комёбӣ ва пирӯзиҳо орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак!
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!
Бо эҳтироми самимӣ Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек


