ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ЮЛДОШЗОДА ОЛИМБЕК БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ

image_pdfimage_print

Собиқадорони иззатманд ва кормандони мақомоти андози ноҳияи Ҷаббор Расулов!

Бо эҳтиром ва самимияти афзун ҳамаи кормандон ва собиқадорони соҳаи андозро бо иди касбӣ – Рӯзи кормандони мақомоти андоз аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов самимона табрик намуда, ба ҳар яки Шумо орзуҳои нек, тансиҳативу хонаободӣ, сарфарозӣ, саодати зиндагӣ ва дар фаъолияти пурмасъулиятатон барору комёбиҳои шоён таманно дорам.

Боиси сарфарозист, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар партави роҳнамоию дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 4 май ҳамчун Рӯзи кормандони мақомоти андоз таҷлил мегардад.

Мақомоти андоз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, баҳри таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.Андозҳо аз ҷумлаи омилҳое мебошад, ки барои қаноатманд намудани ниёзҳои иҷтимоӣ ва давлатдорӣ нақши бисёр муҳимро мебозанд. Зеро тавассути андозҳо давлат сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии худро муназзам месозад.

Мақомоти андоз дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рукни муҳим ва асоси молиявии мавҷудияти давлат арзи ҳастӣ намуда, ба яке аз ниҳодҳои пурқуввату тақдирсози давлатӣ табдил ёфта, дар пешрафти ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, бахусус беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзишманд дорад.

Боиси ифтихор аст, ки кормандони соҳаи андоз ҷонибдори сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат буда, дар ободии Тоҷикистон, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, самаранок истифода бурдани маблағ ва бо ин васила таъмини пойдории давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ кӯшиш менамоянд.

Соҳаи андоз яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ ба шумор рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад. Бе соҳаи андоз ҳеҷ як давлат тараққӣ карда наметавонад. Рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як давлат аз устувории пардохти андозҳо вобастагии калон дорад.

Боварии комил дорам, ки кормандони мақомоти андози ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаҳои ба зиммаашон гузошташударо сарбаландона иҷро менамоянд ва дар таъмини нақшаҳои дарпешистода баҳри ғановати буҷаи кишвар, инчунин дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаю муносиб мегузоранд.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар Рӯзи кормандони мақомоти андозро ба собиқадорон ва тамоми кормандони соҳа самимона табрику таҳният гуфта, барояшон саломатию сарбаландӣ ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ баҳри рушду шукуфоии Ватани азизамон комёбиҳои беназир орзу менамоям.

Иди касбӣ муборак!

Бо эҳтироми самимӣ Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек