Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мардуми кишварро ба корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳал, хиёбонҳо, манзилҳои зист, беҳдошти муҳити атроф, бунёди марказҳои фарҳангию фароғатӣ, боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, ки аз анъанаҳои накӯи аҷдодонамон мебошад, ҳидоят менамоянд.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода санаи 7 январи соли 2026 Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек аз рафти корҳои ободонӣ, тозакунии канали обёрии ДМК воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳия дидан намуданд.





