ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН! – ТАҶЛИЛИ 32 – СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

image_pdfimage_print

Санаи 28 майи соли 2026 ба ифтихори 32 – солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи сарҳадбонони тоҷик Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ба деҳаи Қӯрғончаи Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав ташриф оварда, марзбонони шуҷоъи ватанро бо Иди касбиашон табрику таҳният намуданд.

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек зимни ироаи баромади хеш зикр доштанд, ки ба шарофати сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо шукргузорӣ аз истиқлолияту озодии давлату миллат, фазои орому осудаи кишвар, ваҳдату сарҷамъии мардуми шарифи Тоҷикистон менамоем, ки аз баракати онҳо барои ташаккули рукнҳои давлатдории миллӣ, аз ҷумла ҳифзи боэътимоди марзу буми сарзамини аҷдодиамон шароит ва имконияти мусоид фароҳам омадааст.

Соҳиби марзу бум ё ҳудуди муайяншуда будан дар қатори миллат, забон ва артиш яке аз нишонаҳои муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат мебошад. Гузашта аз ин, амнияти давлат ва миллат аз сатҳи ҳимояи сарҳадоти он вобастагии мустақим дорад.Ҳанӯз дар оғози истиқлолияти давлатӣ яке аз омилҳои асосии саршавии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон халалдор гардидани хатти сарҳади давлатӣ буд. Дар он айёми ноором мо ҳанӯз нерӯҳои марзбонӣ ва ҳатто як нафар мутахассиси баландпоя надоштем.

Бо истифода аз чунин вазъ, бадхоҳони миллату давлат бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба ҳудуди кишвари мо яроқу аслиҳа, маводи мухаддир ва адабиёти экстремистӣ ворид намуда, бо пуштибонии моддиву маънавии хоҷагони хориҷии худ ва дастгирии гуруҳҳои ҷинояткор Ватани азизамонро ба гирдоби ҷанги даҳшатноки шаҳрвандӣ гирифтор карданд.Хушбахтона имрӯз тавоноӣ ва қудрати давлатдории мо имкон медиҳад, ки сарҳад аз ҷумла амнияти шаҳрвандонро бо сарбаландӣ дифоъ намоем.

Роҳбарияти давлату Ҳукумат бо дарназардошти хусусиятҳои мушкили ҳифзи сарҳади давлатӣ минбаъд низ барои ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дастгириву ғамхориро ба хотири беҳсозии шароити хизмат ва зиндагии марзбонон тақвият бахшида истодааст.

Таъкид шуд, ки ҳар як пораи хоки Тоҷикистони маҳбубамон бояд барои тамоми афсарону сарбозон азизу муқаддас бошад ва ҳар як низомии бонангу номус ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандӣ ва шарафи бузург ҳисобад – иброз намуданд Раиси ноҳия.

Дар фарҷоми чорабинӣ барои болидахотирии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ дастурхони идона ташкил карда шуд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо афсарону сарбозони шуҷоъву далер бо истифода аз шароити фароҳамгардида манфиатҳои давлати соҳибистиқлоламон, сарҳади давлатӣ, суботу оромии давлат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистонро сарбаландона ҳимоя менамоянд.