ҚАДРШИНОСИИ ХОНАНДАГОН АЗ НАТИҶАИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “АРХИМЕД” ДАР НОҲИЯ

image_pdfimage_print

“Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайë созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд”
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамасола олимпиадаҳои фанҳои таълимӣ, лоиҳаҳои илмӣ ва байналмилалӣ дар асоси муносибатҳои байналхалқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Олимпиада яке аз рукнҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор рафта, хонандагони ноҳияи Ҷаббор Расулов барои иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ, илмиву лоиҳавӣ ва байналмиллалӣ боз ҳам тақвият додан ва баланд бардоштани донишу малакаашон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Бо чунин ҳошия санаи 7 апрели соли 2025 дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек ғолибони олимпиадаи байналмилалии “Архимед” дар қасри фарҳанги “Гулистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов қадршиносӣ карда шуданд.
Ҳамчунин, дар маросими қадрдонӣ намудани ғолибони олимпиадаи байналмилалии «Архимед» дар байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Сарҳадов Бахтиёр директори маркази таълимии методии назди маорифи вилояти Суғд иштирок доштанд.Хотирасон менамоем, ки Олимпиадаи байналмилалии Архимед байни хонандагони синфҳои 3-11 ташкил гардида, намояндагони бештар аз 130 давлати дунё аз ҷумла, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Украина, Белорус, Эрон, Булғористон, Тоҷикистон ва дигар давлатҳо ширкат варзиданд.
Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек зимни баромади худ қайд намуданд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар маҳз бо таваҷҷуҳу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ҳамчун қувваи бузург баҳри пешрафти ояндаи миллат нақши арзишмандеро касб мекунанд.
Маҳз дастовардҳои онҳо дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳанг, илм, тандурустӣ варзиш ва саëҳӣ сол то сол меафзояд. Ҳамчунин дар зарфи 33- соли Истиқлолият бо сиёсати оқилонаи Сарвари давлат барои ҷавонон шароити хуб ва барои баланд бурдани сатҳи донишандӯзӣ ва маърифатии онҳо талошҳои зиёд ба роҳ монда шудааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов ғолиби Озмуни байналмилалии “Архимед” дониста шуда, дар соли 2021-ум 10 нафар, 2022 – ум 11 нафар, соли 2023-юм 27 нафар, соли 2024-ум 32 нафар ва дар соли 2025 бошад, 981 нафар хонандагон дар озмун ширкат варзида, аз он 202 нафар ғолиб омада, бо гирифтани 29 адад медали тилло, 55 адад нуқра ва 118 адад биринҷӣ қадрдонӣ гардиданд. Иқдоми мазкур ҷиҳати баргузории олимпиадаи байналмилалии “Архимед” боиси дастгири буда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои иштироки толибилмон дар олимпиадаи мазкур тамоми шароитҳои мусоидро муҳайё менамояд.
Натиҷаи ҳамин буд, ки имсол дар умум 404 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар озмун ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.Сипас, ғолибони олимпиадаи байналмилалии «Архимед», ва омӯзгорони онҳо аз ҷониби Раиси ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.Дар фарҷом аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Қобили зикр аст, ки яке аз шартҳои асосӣ ва афзалиятноки иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳо ин омӯхтани илм ва дониши мукаммал доштани онҳо маҳсуб меёбад. Ғолибонро бо ин дастовард шодбошиҳо намуда, ба донишазхудкунӣ ва корҳои эҷодиашон бурдборӣ таманно карда шуд.
Итминон дорем, ки омӯзгорони ноҳияи Ҷаббор Расулов минбаъд низ бо хонандагон зиёдтар бо омӯзиш ва донишазхудкуни машғул шуда, шогирдонашонро ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ омода сохта, барои пешравии Тоҷикистони азизамон саҳми худро мегузоранд.