Санаи 11 декабри соли 2020 дар асоси барқияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз санаи 10.12.2020, №617-тф, амри раиси ноҳия аз санаи 11.12.2020, №32 гурӯҳи ташвиқотию тарғиботӣ бо мақсади ба ҳар як сокини ноҳия расонидани муҳтавои Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ва таъмини истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пешгирии истифодаи ғайриқонунии барқ таъсис дода шуда, соати 10:00 дар толори маҷлисгоҳи Беморхонаи марказии ноҳия вохӯри таҳти роҳбарии муовини раиси ноҳия Муталибзода З.М. доир гардид. Дар вохӯрии мазкур ҳамагӣ 80 нафар фаъолони муассисаи тандурустӣ иштирок намуданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ вазифадор карда шуданд, ки дар ҷойҳо, маҳаллаҳо оиди сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ ва пкшгирии истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ корҳои тарғиботӣ баранд. Вохӯриҳо дар фазои якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафовут доир гардид.



