ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 БАРГУЗОР ГАРДИД.

image_pdfimage_print

Санаи 14 июли соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти раёсати Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек маҷлиси фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифагузориҳо бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намудани нуҳмоҳаи соли 2025 доир гардид.
Дар маҷлиси фаъолон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин ширкат варзиданд.
Ҳамзамон дар маҷлиси фаъолон, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва дигар шахсоне, ки ба масъалаи рӯзномаи маҷлис дахл доштанд, иштирок намуданд.
Нахуст, муовини Раиси ноҳия Муталибзода Зумрад «Оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар нимсолаи аввали соли 2025» ҳисобот дод.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолияти худро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон оид ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ривоҷу равнақ додани корҳои ободонию созандагӣ ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардум равона намуда, дар ин самт корҳои назаррасро ба анҷом расонд.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2025, яъне ба ҳолати 1 июли соли 2025 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 70 адад корхонаҳои хурду бузургӣ истеҳсолӣ мавҷуд мебошад.Тибқи таҳлилҳо аз шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ 42 ададаш фаъолияташон доимӣ ва 28 адад мавсимӣ мебошад, ки дар корхонаҳои зикршуда имрӯз 909 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори доимию мавсимӣ таъмин гардидаанд.
Бахшида ба амалӣ гардидани солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат, аз соли 2022 то имрӯз дар ноҳия 47 корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ташкил карда шуда, аз ин шумора 22 адад корхонаи нав ва 25 адад корхона аз Шаҳодатнома тариқи гузариш ба соҳаи саноат ба қайд гирифта шудааст, ки зиёда аз 511 ҷойи корӣ таъсис гардидааст.
Тибқи таҳлилҳо корхонаҳои навтаъсис бо 18 намуди истеҳсоли маҳсулот, аз он истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво, истеҳсолц ресмони дунӯга, коркарди пахта, истеҳсоли ҷуворимаккаи шириншуда, истеҳсоли маҳсулотҳои қаннодӣ, истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, истеҳсоли моеъи зарфшӯӣ, истеҳсоли хишти сементӣ, хишти пухта, истеҳсоли пеноблок, истеҳсоли моеъ барои шӯстани оинаи воситаи нақлиёт, дӯхти либоси мактабӣ ва истеҳсоли битони тайёршуда нигаронида шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар давоми нимсолаи аввали соли 2025 мувофиқи ноҳия ба миқдори 112 млн. 200 ҳазор киловат соат қувваи барқ истифода шуда, ба маблағи 35 млн. 631,2 ҳазор сомонӣ нерӯи барқ дода шудааст, ки маблағи пардохти он 33 млн. 798,2 ҳазор сомониро ташкил намуд, ин ба 94,9 фоиз баробар мебошад.
Дар ин давра ба аҳолӣ ба маблағи 13 млн. 11 ҳазор сомонӣ қувваи барқ дода шуда, пардохти он 13 млн. 607 ҳазор сомонӣ ё 104,6 фоизи барқи истифодашударо дар бар мегирад.
Кишоварзони ноҳия ҷиҳати таъмини рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар нимсолаи якуми соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба маблағи 339 миллиону 99 ҳазор сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 миллиону 581 ҳазор сомонӣ зиёд ё ин, ки 106 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соҳаҳои растанипарварӣ ба маблағи 152 миллиону 709 ҳазор сомонӣ, чорводорӣ ба маблағи 186 милиону 390 ҳазор сомонӣ ва моҳипарварӣ ба маблағи 191 ҳазору 400 сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, суръати афзоиш мутаносибан 99 фоиз, 113 ва 100 фоиз таъмин гардидааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 ба миқдори 5830 тонна сабзавот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 256 тонна зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 2590 тонна (нисбат ба соли гузашта 459 тонна зиёд), аз ҷумла гӯшти паранда 176 тонна (нисбат ба соли гузашта 36 тонна зиёд), гӯшти моҳӣ 8,9 тонна (нисбат ба соли гузашта баробар), шир 16642 тонна (нисбат ба соли гузашта 1366 тонна зиёд), тӯхм 18 миллиону 298 ҳазор дона (нисбат ба соли гузашта 5 миллиону 442 ҳазор дона зиёд) ва пашм 185 тонна (нисбат ба соли гузашта 96 тонна зиёд) таъмин гардидааст.
Нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия таҳия ва тасдиқ гардида, нақшаи чорабинии мазкур аз 600 банд иборат буда, маблағи он 342 млн. 381 ҳазор сомонӣ баробар мебошад.
Ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 575 банди нақшаи чорабинӣ иҷро гардида, маблағи сарфшуда 210 млн. 810 ҳазор сомониро дарбар мегирад, ки дар умум 95,8 фоизи нақша иҷро гардидааст.
Ҳамчунин дар иншоотҳои ҷашнӣ 1044 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.
Бояд қайд намуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,7 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 74 миллиону 319 ҳазор сомонӣ ба буҷет 77 миллиону 842 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 3 миллиону 523 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бе назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, дар ин давра ба андозаи 104 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 64 миллиону 215 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақша 2 миллиону 511 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ба буҷети маҳаллии ноҳия 48 миллиону 551 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 3 миллиону 614 ҳазор сомонӣ зиёд гардид, яъне нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 108 фоиз таъмин карда шуд.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад 85 миллиону 97 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардид, иҷрои он ба маблағи 85 миллиону 97 ҳазор сомонӣ таъмин карда шуд, ки баробари 100,0 фоизи нақша мебошад. Тибқи маълумоти нозироти андози ноҳия ба ҳолати 1 июни соли 2025 маблағи бақияпулии андоз ба буҷет 1 млн 633 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳолати 1 январи соли 2025 82 ҳазор сомонӣ қарзнокӣ кам гардидааст.
Дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ 965,8 км роҳҳои автомобилгард буда, аз он 32,4 км роҳҳои аҳамияти байналмиллалӣ, 5,7 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 216,9 км роҳҳои аҳамияти маҳаллӣ дошта, 706,6 км роҳҳои байни хоҷагиҳо ва 4,2 км роҳҳои хоҷагии коммуналии рифоӣ мебошад.
Дар соли 2025 мувофиқи нақшаи ноҳия 91 км роҳҳо аз ҷумла 12 км таъмири асосӣ, 34 км таъмири ҷорӣ ва 45 км шағалпӯш намудан ба нақша гирифта шудааст.
Ба ҳолати 10 июли соли 2025 иҷроиши нақшаи таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҳамагӣ 62 км буда, аз ҷумла 10 километр мумфаршкунӣ (83 фоиз), 20 км таъмири ҷорӣ (60 фоиз) ва 32 км шағалпӯш (71 фоиз) иҷро гардидааст, ки дар умум иҷрои нақшаи таъмиру тармими роҳҳои автомобилгарди ноҳия 68 фоизро дар бар мегирад.
Айни ҳол дар ноҳия 19 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 4 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 4467 кӯдак ва 43 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 1 литсей барои ханандагони болаёқат, 1 гимназия, 1 муассисаи таҳсилоти умуми ибтидоӣ, 1 мактаб-кӯдакистон, 1 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Гулоро ва 38 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 30712 нафар хонанда аз ҷумла 15286 нафар духтар фаъолият мебаранд.
Инчунин, дар ин давра 1897 нафар омӯзгорон дар соҳаи маориф кору фаъолият менамоянд, ки аз он 1697 нафарашон дорои маълумоти олӣ, 91 олии нопурра ва 109 нафарашон дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд.
Сол аз сол сатҳу сифати донишомӯзии хонандагони ноҳия беҳтар шуда истодааст, инчунин дар давоми нимсолаи якуми соли 2025 дар олимпиадаи байналмилалии “Архимед” хонандаьои муассисаҳои таълимии ноҳия 981 нафар ширкат варзиданд, ки аз он 203 нафар аз он ҷумла 29 нафар медали тилло, 57 медали нуқра ва 118 медали бринҷӣ ноилгашга дар сатҳи ҷумҳуриявӣ мақоми аввалро ишғол намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки аз 29 июн то 7 июли соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон олимпиадаи байналмилалӣ «Архимед» баргузор гардид, ки дар он 31 нафар хонандагони муассисаи таълимии ноҳия иштирок намуда, аз он 23 нафарашон ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Аз ҷумла 1 нафар медали тилло 6 медали нуқра ва 16 нафар медали биринҷӣ соҳиб гаштанд.Инчунин хонандаҳои муассисаҳои таълими ноҳия дар олимпиадаҳои байналмилалӣ фанҳои дақиқ иштирок намуда, 4 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Дар ноҳия як адад беморхонаи марказӣ бо 290 кат ва се адад беморхонаи минтақавӣ бо 185 кат фаъолият мебаранд. Инчунин, як маркази саломатии ноҳиявӣ, 15 адад марказҳои саломатии деҳот, 17 бунгоҳҳои тиббӣ ва се марказҳои махсусгардонидашуда ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонанд. Дар ноҳия шумораи табибони ҳамаи ихтисосҳо 191 нафар буда, аз рӯи категория бошад 97 нафар, 54 нафар дорои категорияи олӣ, 31 нафар дорои категорияи якум ва 12 нафар дорои категорияи дуюм мебошад. Айни замон шумораи кормандони миёнаи тиббӣ дар соҳаи тандурусти 855 нафарро ташкил медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки дар ин давра дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ ба 7430 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 нафар зиёд мебошад. Тибқи маълумоти соҳаи тандурусти дар муассисаҳои мазкур 12 адад нақлиётҳои ёрии таъҷили мавҷуд буда, фаъолият доранд.
Тибқи маълумот дар ин давра ҳолатҳои бақайдгирифташудаи касалиҳои сироятӣ дар умум 523 адад буда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 адад зиёд гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ бемории сил 24 адад буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 адад кам, зардпарвин 123 адад буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 адад зиёд гардидааст. Шумораи шифоёфтагон бошад 507 нафарро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи якуми соли 2025 аз буҷети ноҳия барои соҳаи тандурустӣ ба маблағи 16 млн. 146 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.Шумораи умумии ҷавонони ноҳия 50 ҳазору 100 нафар аз он 25 ҳазору 900 нафар духтарон мебошанд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ноҳия 27 толори варзишӣ, 2 варзишгоҳ, 53 майдончаи варзишӣ, 5 мактаби варзишӣ ва 3 ҳавзи шиноварӣ фаъолият менамояд.
Дастовардҳои ҷавонони ноҳия дар самти варзиш назаррас буда, дар нимсолаи якуми соли 2025 варзишгарони ноҳия дар намудҳои гуногуни варзиш дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллали фаъолона иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд, ки аз он дар мусобиқаҳои вилоятӣ 131 медали тилло, 76 медали нуқра ва 83 медали биринҷӣ, мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 34 медали тилло, 27 медали нуқра, 77 медали биринҷӣ ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 5 медали тилло, 25 медали нуқра ва 8 медали биринҷиро ба даст овардаанд.
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2025 3 адад майдончаи варзишӣ ва 1 адад толори варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Гуфтан ба маврид аст, ки то ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли 2025 ба истифода додани боз 3 адад майдончаҳои варзишӣ ва 3 адад толорҳои варзишӣ, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ рафта истодааст, ба нақша гирифта шудааст.
Баъдан аз ҷониби Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек музокираҳо оғоз карда шуда, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилоту муассисаҳо, мудирони шуъбаю бахшҳои ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия пурсишҳо ба амал оварда шуд.
Дар идома намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин зимни суханронӣ натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро қаноатбахш арзёбӣ карда, барои афзун намудани дастовардҳо, бунёди корхонаҳои нав, ташкили ҷойҳои корӣ, ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёт, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, истифодаи оқилонаи қувваи барқ, бунёди гармхонаву сардхонаҳо, омодагиҳо ба ҷашни миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамгардонӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ ба масъулин дастуру супоришҳо ва тавсияҳои муфид доданд.Сипас, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек суханронӣ намуда, ба роҳбарону фаъолони ноҳия ҷиҳати иҷрои босифати дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоиҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода вобаста ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои соҳаҳои мухталифи ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бо ҳамин, маҷлиси фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2025 ва бо вазифагузориҳои Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек барои нуҳмоҳаи соли 2025 ҷамъбаст гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳар як сокини ноҳияро зарур аст бояд баҳри рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия ва ислоҳи камбудиҳо баҳри иҷрои вазифаҳои додашуда кӯшиш хоҳад намуд.