ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҲАЁТИ НАВИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

image_pdfimage_print

Роҳсозӣ ҳамчун рисолати нексириштӣ дар ҳаёти ҷомеа аҳамияти хосса дошта, ба бартарафсозии маҷмӯи мушкилоти рӯзгор ва фароҳам овардани шароити пешрафти зиндагӣ мусоидат менамояд.
Дар заминаи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои мумфаршкунии роҳҳои дохилӣ дар ҳамаи шаҳраку ҷамоатҳо густариш ёфтаанд.
Инчунин, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри таъмини рушди инфрасохториву коммуникатсионӣ ва бо мақсади тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, ба таъмиру тармим (мумфаршкунӣ бо асфалти гарм, таъмири ҷорӣ ва ғайра) ва беҳдошти ҳолати техникии роҳҳои дохиливу маҳаллӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аҳамияти хоса зоҳир карда шуда истодааст.
Тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ дар сарҷамъиву муташаккилии аҳли ҷамоатчигӣ барои ободу зебо гардонидани маҳал сурат гирифта, ҳамовозӣ ва пайгирӣ дар татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Бо чунин ҳадаф, санаи 11 августи соли 2025 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади шиносоӣ аз рафти ҷараёни мумфаршкунии роҳҳо дар Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳия иштирок намуда, бо сокинони деҳа суҳбати самимӣ карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи мумфаршшавандаи кӯчаи А.Навоӣ деҳаи Меҳргони Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав зиёда аз 1 километр ва паҳнои он 4 метр, бо маблағи умумии 380,0 ҳазор сомонӣ мумфарш мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаи ба номи А.Навоӣ дар деҳаи Меҳргони Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва соҳибкорону шахсони саховатпеша баҳри сазовор пешвоз гирифтани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Дар суҳбати озоди сарироҳӣ роҳбари ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек бо мардуми маҳал ва соҳибкорон барои ташаббусҳои бунёдкорона ва дастгирии сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Қайд карданд, ки ҳар яки мо шукронаи кишвари азизамон – Тоҷикистон ва Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кунем, ватанамонро ҳамешагӣ дӯсту азиз дорем, ба қадри оромиву осудагӣ ва хуррамиву ободӣ расем, соҳибистиқлоливу ваҳдати комилро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем, фарзандонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва гиромидошти падару модар ба воя расонем ва доимо содиқи Ватану давлат бошем. Сокинони деҳа изҳор намуданд, ки дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишварро ҳама вақт эҳсос менамоянд ва баҳри амали кардани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, баҳри ободу зебо намудани ҳар як маҳал ва деҳаву кӯчаи худ саҳми худро мегузоранд.
Боиси сарфарозист, ки корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҷониби сокинон ва соҳибкорону шахсони саховатпеша дар ҳудуди шаҳраку ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо маром идома ёфта, мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти роҳбарии Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек азм доранд, ки то истиқболи ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни ҳумоюни миллӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар ин замина бояд гуфт, ки бо супориш ва дастгирии ҳамешагии Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав зиёда аз 20 километр роҳ мумфарш гардид. Роҳҳое, ки тӯли солҳои зиёд дар ҳолати ногувор қарор дошт, бо амалӣ шудани ин иқдоми созанда ба як бахши муҳими инфрасохторӣ табдил ёфта, ҳоло рафтуомади сокинон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шаҳрвандон осонтар гардид.
Чунин иқдомҳо дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва бо саҳми сокинону шахсони саховатпеша бо маром идома дорад.