Санаи 7 октябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2022 доир гардид.
Дар маҷлиси фаъолон муовинони раиси ноҳия ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, намояндагони воситаҳои ахбори умум иштирок карданд.
Ҳамчунин дар маҷлиси фаъолон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзоён Нодир Рамазонӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин иштирок доштанд.
Дар маҷлиси фаъолон як масъала «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2022» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Баъд аз тасдиқ шудани регламенти маҷлиси фаъолон аз рӯи масъалаи рӯзнома «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2022» муовини якуми раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек баромад намуд.Доир ба масъалаи мазкур Бобозода Хайрулло – сардори Раёсати кишоварзии ноҳия, Халифазода Насиба Рофиқ – мудири шуъбаи маорифи ноҳия, Муҳитдинов Эркин Ҷамолитдинович – раиси Ҷамоати деҳоти Гулхона ба музокира баромаданд.Дар давоми маҷлиси фаъолон аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзоён Нодир Рамазонӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек ва раиси ноҳия аз Каримзода Пирназар – муовини прокурори ноҳия, Юсупов Фарҳод – корманди комиссариати ҳарбии ноҳия, Ғаффорӣ Эҳсон – сардори нозироти андози ноҳия, Самиев Раҳим – хазинадори Раёсати молияи ноҳия, Шукуриён Анвар – сардори Раёсати омори ноҳия, Фармонзода Меҳрубону – мудири бахши САҲШ-и ноҳия, Тошпулотова Назира – мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия, Раҳимов Ҷамолиддин – сартабиби беморхонаи марказии ноҳия, Аҳмадқулова Малоҳат – менеҷери муассисаҳои КАТС-и ноҳия, Каримов Салим – муовини сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, Абдуллозода Нуриддин – раиси кумитаи идораи замини ноҳия, Отабоев Хуршед – мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия, Зокиров Ҳусан – мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, Хоҷаев Абдусамад – сархатиби ноҳия, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба тариқи саволу ҷавоб пурсиш ба амал оварда шуд. Сипас, Мирзоён Нодир Рамазонӣ – муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Накҳатзода Ҳокимбек – сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оиди ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2022 ва натиҷаҳои дар ҳамин самт ба даст овардашуда ва камбудиҳои ҷойдошта баромад намуданд.
Дар охири маҷлиси фаъолон аз тарафи раиси ноҳия баҳри бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани соли 2022 ба роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ташкилоту муассисаҳои ноҳия вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Бо ҳамин маҷлиси фаъолони ноҳия доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2022 ба кори худ хотима бахшид.








