Санаи 27 январи соли 2023 дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар толори Ҷамоати деҳоти Деҳмой вохӯрӣ бо сокинони Ҷамоат доир гардид.
Вохӯрӣ дар байни ҷомеа бо иштироки аҳли дин, бибиотунҳо, роҳбарони муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо ва фаъолони Ҷамоат баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳияи Муталибзода Зумрад Муталиб иштирок ва суханронӣ намуданд.Зимни суханронӣ бо мақсади ба мардум дуруст ва воқеъбинона шарҳ додани вазъи имрӯзаи баамаломада, моҳияти таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтавои Паёми навбатии Пешвои миллат, мутолиа ва шарҳи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, таъмини амнияти озуқаворӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, никоҳи бармаҳал, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб аз қабили худкушӣ ва суиқасд ба ҷон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби экстремизм ва терроризм, пешгирии таълими ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, миллат ва давлат, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва фарҳангу анъанаҳои ниёгон миёни наврасону ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.
Чунин вохӯриву мулоқотҳо мунтазам дар ноҳия идома дорад.
