
3 апрели соли 2020 дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази вилоят ба муносибати гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар ҷамъомад иброз дошт, ки тибқи муқаррароти Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст.

Зикр гардид, ки имрӯз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Насли ҷавон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат хизмат намуда, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Дар шароити имрӯза барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи мамлакат шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.
-Ҳомиёни Ватан дар лаҳзаҳои хеле мушкил, ҳамчун муҳофизони содиқу вафодори миллат барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда матонату мардонагӣ нишон дода, дар таҳкими сулҳу суботи давлати нави тоҷикон бо азми қавӣ хизмати намунавӣ кардаанд. Боварии комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбӣ – аз сарбози қаторӣ то генерал минбаъд низ дар таҳкими амнияти давлату миллат саҳми шоиста гузошта, марзҳои Ватани азизамонро бошарафона ҳимоя менамоянд, – таъкид кард Раҷаббой Аҳмадзода.

Ёдовар бояд шуд, ки дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ то имрӯз садҳо нафар ҷавонони ватандӯст ихтиёрӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир гардида, омодагии хешро барои адои хизмати ҳарбӣ баён доштаанд. Имрӯз бошад гуруҳи калони даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гусел карда шуданд. Аз чеҳраи хандон ва тинату рафтори ҳар як нафари ҳозиршуда аён буд, ки ҷавонон хизмат кардан барои Модар-Ватанро қарз ва шарафи фарзандӣ медонанд.




