Санаи 2-уми апрели соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи барқияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2020 таҳти №24/10-15 маҷлис баргузор гардид.

Дар маҷлиси мазкур раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ҳамчун роҳбари гурӯҳи корӣ иштирок намуданд. Ҳамчунин дар маҷлис Холиқзода Малоҳат муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, ҳамчунин шахсони ба масъалаи рӯзнома таълуқ дошта иштирок намуданд.


Дар маҷлиси мазкур ду масъала доир ба рафти корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти корҳои безараргардонидании манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншоотҳо, омодагии марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳо ҷиҳати пешгирии бемории короновирус мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


