Санаи 1-уми апрели соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти раёсати прокурори ноҳия доир гардид. Дар он ҳолати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва қонунгузориҳои дигари ҷорӣ, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба огоҳкунӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунии ва ҷинояткориро дар байни ноболиғон ҷавонон ба танзим медарорад, дар фаъолияти шуъбаи маориф, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, комиссияи оид ба ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва гуруӯҳи пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД ҶТ дар ноҳия дар соли 2019 ва 3 моҳи аввали соли 2020 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.



Дар ҷаласаи мазкур раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ, прокурори ноҳия, сардори шуъбаи Раёсати КДАМ ҶТ дар ноҳия, сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия, сардори нозироти андози ноҳия, сардори гумруки ноҳия ва ҳамчунин шахсони ба масъалаи рӯзнома таълуқ дошта иштирок намуданд.

