
Санаи 25-уми майи 2020 тибқи дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин бахшида ба Иди Саиди Фитр раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир ва муовини Раиси вилояти Суғд Каримзода Рустам дар Ҷамоати деҳоти Сомониён оилаҳои эҳтиёҷмандро аёдат намуда, ба онҳо маводҳои хӯрока тақдим намуданд. Қудратзода Тоҳир ба раиси Ҷамоат ва масъулин дастур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати идома додан ва пурзӯр намудани корҳои безараргардонӣ, тарғибу ташвиқи чораҳои мубориза бар зидди пандемияи нав чораҷӯӣ карда, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатро дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мағозаву дорухонаҳо зери назорати ҷидди қарор диҳанд. Қоидаҳои гигиенӣ, меъёрҳои фосилавиро риоя намуда наздикон ва аҳли оилаи худро эҳтиёт кунанд.

Ҳамчунин дар ин сана аз фаъолияти насоси обкаши “Хоҷабақирғон №4”-и Ҷамоати деҳоти Сомониён дидан намуда, ба мутахассисони соҳа маслиҳатҳои муфид доданд.


