
Санаи 30-уми майи соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти пойгоҳи обкашии «Деҳмой -1» шинос шуд.Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди самаранок истифодабарии замин, руйёнидини ду се ҳосил дар як сол ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат бо ташаббуси Раиси вилоят Суғд Раҷаббой Ахмадзода ду адад агрегатҳои пуриқтидори пойгоҳи обкашӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ворид карда шуд. Дар пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» алҳол васлкунии агрегатҳои пуриқтидори муосир ҷараён дорад. Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки ин дастгоҳҳои пуриқтидор барои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии зиёда аз 3000 га заминҳои кишоварзӣ истифода бурда мешавад. Заминҳои кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов бинобар фарсуда шудани дастгоҳҳои обкашӣ солҳои охир аз таъминот бо оби полезӣ танқиси доштанд. Дар ноҳия тавассути панҷ пойгоҳи обкашӣ 12 500 га замин обёрӣ карда мешавад. Ин иқдоми Раиси вилоят саривақти буда дар мавсими имсола танқисии оби полезиро аз байн мебардорад ва барои руёнидани ҳосили фаровон мусоидат менамояд.Дар минтақаи Рухак дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берун монда аз нав барқарор шуда истодааст. То имрӯз зиёда аз 400 га замин ба гардиши кишоварзи даровардашуда, дар он кишти полезӣ, лубиёгӣ, галадонагӣ, боғу токзори нав бунёд гардид, ки бо насб шудани дастгоҳҳои муосир, обёрии ин минтақа боз ҳам беҳтар мегардад ва барои барқарорсозии заминҳои нав замина мегузорад.Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур дод то дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин корҳои васлу насби дастгоҳи обкаширо ба итмом расонида таъминот бо оби полезиро мунтазам ба роҳ монанд. Ҳамчунин бинои пойгоҳи обкаширо таъмири капитали намуда корҳои ободониро ба иҷро расонанд.





