Санаи 12 июни соли 2026 бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз аз рафти корҳои сохтмонии ошхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 боздид намуданд.
Зимни иттилоот гуфта шуд, ки дар муассисаи мазкур 47 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба кору фаъолият дошта, ба 597 нафар толибилмон дар ду баст таълим медиҳанд. Дар муассиса корҳои сохтмонии ошхона моҳи майи соли 2026 бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ташаббуси кумитаи падару модарон оғоз гардида, бо маром идома дорад. Ошхона барои таъмин намудани кӯдакон бо хӯроки нисфирӯзӣ аз синфҳои 1 то 4 дар як вақт ба 190 нафар хонандагон хизмат расонидан, пешбинӣ гардидааст.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед зимни суҳбат бо омӯзгорон ва фаъолони деҳаи мазкур зикр намуданд, ки соҳаи маорифи кишвар зери таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, хонандагону омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат бояд сифати таълиму тарбияро барои наврасону ҷавонон баланд бардошта ҷиҳати дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона ширкат карданашон кӯшиш ба харҷ диҳанд.





