БОЗДИДИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР МТМУ №26 ВОҚЕЪ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СОМОНИЁН

image_pdfimage_print

Бо такя ба дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 12 июни соли 2026 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек дар деҳаи Ӯзбекқишлоқи Ҷамоати деҳоти Сомониён аз рафти корҳои сохтмонии бинои синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки синфхонаи иловагии мазкур аз 4 синфхона ва аз як ошёна иборат буда, дар ду баст барои 240 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст. Корҳои сохтмонии 4 синфхонаи иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳия, бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бо ташаббуси сокинони деҳаи мазкур соли 2025 оғоз шудааст.

Роҳбарияти муассиса тасмим гирифтааст, ки корҳои сохтмониро то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расонида, бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни миллӣ – 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода хоҳанд дод.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ҳангоми суҳбат бо омӯзгорону хонандагон таъкид карданд, ки ҷавобан ба чунин ғамхориҳои давлату Ҳукумат хоса Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки Шумо, бояд бо истифода аз чунин шароити мусоид ҷиҳати омӯхтани илм, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ва технологияи нав кӯшиш намуда, ҳамчун насли созанда ба камол расед ва дар оянда барои халқу Ватани худ хизматҳои шоиста ба ҷо оварда, баҳри пешрафти Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми худро гузоред.

Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек ба масъулин таъкид намуданд, ки баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта корбарӣ карда, ҷиҳати ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии 4 синфхонаи иловагӣ то сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас доданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки мақсади асосии сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи мазкур барои аз байн бурдани норасоии синфхонаҳои таълимӣ ва ба замони муосир мутобиқ намудани онҳо мебошад.