Устодону хонандагони азиз! Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил имсол дар остонаи иди бузургу муқаддаси миллӣ 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро мерасад. Бо ибтикори шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф дар кишварамон самти асосӣ ва соҳаи стратегӣ эълон шуда, омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат эътироф гардид. Рӯзи дониш оғози тараддудҳои фараҳбахши аҳли маорифи кишвар барои таълиму тарбияи сазовори насли ояндасоз маҳсуб гардида, талошҳои онҳо дар ин ҷода самараҳои дилхоҳ ба бор меоранд. Зеро таъмин намудани рушди ояндаи давлат ба масъалае робитаи мустаҳкам дорад, ки мо дар кадом сатҳ насли босаводу худогоҳ ва соҳибмаърифату ватандӯстро тарбия карда ба воя мерасонем. Пешвои муаззами миллат дар суханронияшон дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил таъкид доштанд, ки дар тарбияи насли оянда ва ба воя расондани нерӯи тавонои ватандӯсту ватанпарвар нақши омӯзгор ниҳоят бузург мебошад. Аз ин баҳои баланди сарвари давлат кормандони муассисаҳои таълимии ноҳия руҳбаланд гардида, дар мақоми шукргузорию саодат, ҷиҳати иҷрои рисолати таърихии худ азму талоши зиёд доранд.Дар ҳақиқат дар давоми солҳои Истиқлолият соҳаи маорифи ноҳия бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия чун тамоми дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба инкишоф ниҳода, ба комёбиҳои воқеан ҳам назаррас ноил гардид. Дар натиҷаи вусъат ёфтани сохтмони мактабу синфхонаҳои иловагӣ шароити таҳсили хонандагон хеле беҳ гардид. Имрӯзҳо сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳия, ду синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии №4-и деҳаи Қӯрғонча аз тарафи соҳибкор Дустматов Туйчибой, бунёди ду синфхонаи иловагӣ дар муассисаи таълимии №36-и деҳаи Ҷавонӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва барқарорсозии муассисаи таълимии №8-и деҳаи Қӯрғонча, бо дастгириҳои пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷараён доранд. Як рукни муҳими фаъолияти ҳамарӯзаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва иқдомҳои наҷибонаи раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ғамхорӣ дар ҳаққи аҳли маориф ва таъмини кору пайкори босамари онҳо маҳсуб мегардад. Бо ин мақсад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия меҳнати фидокоронаи кормандони соҳаро шоиста қадр намуда, онҳоро ба саъю талоши арзанда барои натиҷаҳои назарраси фаъолият раҳнамун месозад. Шоистаи зикр аст, ки дар ин давра 11 нафар хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 6 нафарашон ҷойҳои шоёнро ишғол намуданд. 8 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи байналмилалӣ ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ мушарраф гардидаанд ва хонандаи гимназияи №1 Исоқова Гулшодабегим бо аттестати аъло ва бо медали тилло хатм намуд, ки ин боиси сарбаландии мост. Инчунин дар соли таҳсили 2020-2021 20 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳҳои олӣ дохил шуданд, ки самараи фаъолияти омӯзгорони ноҳия ба шумор меравад.Муҳтарам аҳли маориф!Боварии комил дорам, ки дар қатори мардуми сарбаланд ва ватандӯсти ноҳия кормандони соҳаи маориф низ ҷашнвораҳои таърихии дар пеш истодаро бо дастовардҳои шоиста истиқбол мегиранд. Бо ҳамин ниятҳои нек, тамоми аҳли маорифи ноҳияро бо фарорасии Рӯзи дониш ва оғози соли нави хониш самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон саломатӣ, бурдборӣ, рӯзгори шоиста ва дар иҷрои рисолати наҷибашон – тарбияи сазовори насли ояндасоз равнақу бурдбориҳои нав ба нав орзумандам. Ид муборак!Омӯзгорону хонандагони арҷманд!

