Корҳои ташвиқотию тарғиботӣ

image_pdfimage_print

Тибқи қарори Ситоди ноҳиявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус COVID-19 бо мақсади пешигирии мавҷи дуюми ин вабои аср дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, корхонаю муассисаҳо, бозору мағозаҳо ва дигар ҷойҳои серодам гурӯҳҳои корӣ силсилаи корҳои тарғиботи ва ташвиқотиро ба роҳ мондаанд.Кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия таҳти роҳбарии сардори шуъба Раҳимов Замонбек бо соҳибкорони бозори марказии ҶДММ «Ашроф» роҷеъ ба пешгирии бемории коронавирус, инчунин қоидаҳои оддитарини тозагию – беҳдоштӣ, шустани даст бо собун, истифодаи маҳлулҳои безараргардонӣ ва пӯшидани ниқобҳои муҳофизаткунанда, бо даст салом накардан, нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро гузарониданд.