
Маъмурияти сохтори госпиталӣ ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии оилаҳои ниёзмандро иқдоми нек дониста, ҳамчунин баҳри иҷрои дастури супоришҳои раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ дар остонаи ҷашни Наврӯз якчанд оилаҳои камбизоат, яккаву танҳо ва собиқадорони соҳаи тибро бо маводҳои хӯрока аёдат намуданд.






