АЁДАТИ ОИЛАИ КАМБИЗОАТ БАХШИДА БА МУНОСИБАТИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒӮЛАКАНДОЗ

image_pdfimage_print

Дар пайравӣ ба сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 17 феврали соли 2026 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз як қатор оилаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла оилаи камбизоат Юнусова Ҳабибаро аёдат намуданд.

Аёдатшуда – Юнусова Ҳабиба яке аз оилаҳои ниёзманд ба ҳисоб рафта, соли таваллудаш 1956, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, соҳиби 2 фарзанд – 1 фарзандаш (писараш) 29 ноябри соли 2024 бо бемории ҷигар вафот кардааст. Айни ҳол Юнусова Ҳабиба бо 3 наберааш, синфҳои 5,8 ва 9 дар МТМУ№6 (фарзандони шодравон) танҳо зиндагӣ мекунад ва келинаш Турақулова М дар муҳоҷирати меҳнатӣ- Федератсияи Руссия қарор дорад.

Зимни аёдат Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек аз вазъи зиндагонии оилаи эҳтиёҷманд Юнусова Ҳабиба дидан намуда, ба оилаи мазкур кӯмакҳои молиявӣ ва маводҳои озуқаворӣ расонида шуд. Аёдатшуда – Юнусова Ҳабиба аз ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи доимӣ ба роҳбарияти давлат изҳори миннатдорӣ баён намуда, барои пойдории сулҳу субот ва шукуфоии кишвар даст ба дуо бардошт.

Боиси зикр аст, ки аёдати пирони барҷомонда, маъюбон ва камбизоатон ва хабар гирифтан аз ҳолу аҳволи онҳо яке аз сиёсатҳои иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳамасола тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ ва кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.