Бо шарофати ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Иди саиди Қурбон ва бахшида ба Рӯзи маъюбон аз ҷониби раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ дар якҷоягӣ бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин – сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва дигар масъулони сохторҳо аёдати шахсони имконияташон маҳдуд ба ҷо оварда шуд. Зимни сӯҳбати гарму самимӣ раиси ноҳия оид ба рушду нумӯъи ноҳия ёдоваршуда, зикрдошт, ки имрӯз арҷгузоштан ба заҳмати насли наврасон аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Дар навбати худ аёдатшудагон дар ҳаққи Роҳбари давлат, роҳбарияти вилояту ноҳия барои чунин эъзоздорӣ ва ғамхорӣ арзи сипос намуда, дуои онро намуданд, ки кишвари моро Худованд ҳамеша дар паноҳаш нигоҳдорад ва дар сарзамини мо доимо сулҳу амонӣ ҳукмфармо бошад.



