АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ СОҲАИ МАОРИФ ОХУН АМИНЗОДА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

image_pdfimage_print

Санаи 12 феврали соли 2025 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек ҳамчун анъанаи хоси ниёгон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадори соҳаи маориф Охун Аминзода истиқоматкунандаи деҳаи Зарафшони Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияро аёдат карда, аз ҳолу аҳволи аёдатшаванда бархурдор гардид.
Охун Аминзода, соли таваллудаш 11 апрели соли 1938, соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи педагогии ш.Ленинобод (Хуҷанди ҳозира)-ро хатм намудааст.Соли 1961 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиии рақами 10-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамчун омӯзгор, солҳои 1964-1968 директори муассисаи мазкур, солҳои 1969-1970 мудири шуъбаи маорифи ноҳия, солҳои 1970-1984 котиби кумиҷроияи ноҳияи Ҷаббор Расулов, солҳои 1984-1998 директор ва баъдан ҳамчун омӯзгор дар МТҲ №12-и ноҳия кору фаъолият намудааст.
Мавриди зикр аст, ки Охун Аминзода аз хурдсолӣ дилбохтаи шеъру шоирӣ буда, аз айёми донишҷӯ буданаш ба эҷоди шеър оғоз кардааст. Ду маҷмӯаи нашриёти ашъорашро ба номи Раҳим Ҷалил бо номҳои “Файзи саҳар”, “Зиндаруд” солҳои 2002-2003 интишор кард соли 2005 ҳамин нашриёти китобашро бо номи “Каъбаи дил” ба табъ расонидаст.Рисолаи оммавии “Худгифи Эшонҳо, каромот ва ривоятҳо”, соли 1998 низ ба қалами Охун Аминзода тааллуқ дорад. Маҷмӯаҳои ашъораш бо номи “Нигоҳи субҳ” соли 2008, “Хандаи хуршед” соли 2010, “Шунав овози дилро” соли 2011 батабъ расидаанд.
Гулчини ашъораш “Сипеҳри андеша” соли 2013 ба чоп расида, зиёда аз 30 мақолаҳои илмию педагогӣ ба қалами ӯ мансуб аст.Охун Аминзода барои заҳматҳояш бо медалҳои “Барои меҳнати шуҷоатнок”, “100-солагии таваллуди В.И.Ленин”, “Ветерани меҳнат” ва бо ифтихорномаҳою сипосномаҳо сарфароз гардида, инчунин Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аёдатшаванда Охун Аминзода соҳиби 6 фарзанд ва 35 набераю абера мебошад.Зимни суҳбат бо собиқадори соҳаи маориф Охун Аминзода Раиси ноҳия таъкид дошт, ки хизматҳои собиқадорони кормандони соҳаи маориф дар ҷодаи тарбия намудани насли наврасон назаррас буда, ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Аёдатшуда дар навбати худ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат барои таваҷҷуҳи доимӣ изҳори сипос намуда, ба корҳои минбаъда дар эъмори давлатдории навини миллӣ ба Пешвои муаззами миллат барору комёбӣ таманно намуд.
Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқона ба собиқадори соҳаи маориф Охун Аминзода маводи хӯрокворӣ ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов супорида шуд.