АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БА ИФТИХОРИ 34 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒӮЛАКАНДОЗИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

image_pdfimage_print

Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даврони Истиқлоли давлатӣ бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.Роҳбарияти Олии давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуд ва дар марҳилаи кунунӣ тақвият ёфта истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид доранд, ки

“Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷуҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон равона намоем. Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад бунёдгузори ҷомеаи нав бошад”.

Дар пайравӣ ба иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 6 сентябри соли 2025 аз ҷониби роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз собиқадори соҳаи тибби ноҳия Аҳлиллоева Хосият аёдат гардид.

Аёдатшуда – Аҳлиллоева Хосият соли таваллудаш 6 июли 1951, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз, собиқадори соҳаи тиб мебошад. Аҳлиллоева Хосият зиёда аз 40 сол дар соҳаи тиб, дар Маркази саломатии деҳаи Пориж – Коммунаи Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз солҳои 1969 – 1992 ҳамчун табиби акушер – гинеколог ва солҳои 1993-2007 ҳамчун ҳамшираи калон фаъолияти пурсамар намудааст. Соҳиби 4 фарзанд (3 писару 1 духтар), 12 набера, 4 абера мебошад.

Зимни суханронӣ роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба истиқболи сазовори 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед аз дастгириву ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, барои хизматҳои бисёрсола дар рушди соҳаи тандурустии ноҳия сипоси худро ба собиқадори соҳаи тиб Аҳлиллоева Хосият, баён намуданд.

Ҳамчунин аз номи Ҳукумати мамлакат ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аёдатшуда мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар навбати худ собиқадори соҳа, аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри пешрафту ободӣ ва пояндагии сулҳу осоиштагии кишвар дасти дуо бардошт.