Санаи 5 сентябри соли 2022 дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов дар асоси дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.Дар маҷлиси мазкур роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимии Ҷамоат, фаъолон ва собиқадорони меҳнат, раисони кумитаҳои маҳалла ва кормандони Ҷамоат ва дигар даъватшудагон иштирок намуданд.Дар маҷлиси тантанавӣ муовини якуми раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек иштирок ва Паёми табрикотии раиси ноҳияро ба саҳми ҳозирин расонид.Мавсуф дар баромади худ доир ба раванди корҳои ободонию созандагӣ, иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷамоат, стратегияи барномаҳои давлатӣ махсусан ба самти кишоварзӣ нигаронидашуда, оид ба иҷрои қисми даромаду хароҷоти буҷети ноҳия, ҷалби сармоя бо иқтисоди миллӣ, ташкили корхонаҳои саноатӣ, истифодаи оқилонаи замин истода гузаштанд.Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ як қатор фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдони карда шуданд.Баъд аз анҷоми маҷлиси тантанавӣ як чанд оилаҳои собиқадорони меҳнат аз тарафи муовини якуми раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек аёдат карда шуданд. Дар рафти аёдат Юлдошзода Олимбек собиқадорони меҳнатро бо муносибати 31 солагии Истиқлолияти кишварамон табрику таҳният намуда, қайд карданд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам собиқадорони меҳнатро аёдат менамояд.Собиқадорони меҳнат барои ғамхориҳои ҳамешагии давлату Ҳукумат изҳори сипос намуданд.







