Санаи 13 августи соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва ҷиҳати шарҳу тавзеҳоти тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронукии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов мулоқоти судманд баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Зариф Ализода, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Музаффар Ашуриён, раиси комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шуҳрат Ғанизода, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек ва профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муҳтарам Тақдиршо Шарипов иштирок намуданд.
Инчунин, дар мулоқот муовинони Раиси ноҳия, мудирон ва кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомӣ, раисон ва масъулони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарият ва кормандони ҷамъи бахшҳои шабакаҳои барқии ноҳия, фаъолону собиқадорон, раисони кумитаи маҳалла, ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.
Мулоқот бо сухани ифтитоҳии Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек оғоз ёфта, бо эҳтироми хоса роҳбари ноҳия меҳмонони гиромиро аз номи кулли мардуми сарбаланд ва шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов барои ташриф ва иштирок дар чунин мулоқоти судманд хайрамақдам гуфтанд.
Сипас, тибқи нақшаи тарҳрезигардида бо мақсади пешбурди корҳои доимӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумлаи пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва ҷиҳати шарҳу тавзеҳоти тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботафсил бо маърӯзаҳо вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Музаффар Ашуриён; Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ муҳтарам Зариф Ализода; раиси комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шӯҳрат Ғанизода; профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муҳтарам Тақдиршоҳ Шарипов баромад ва суханронӣ намуданд.
Дар маҷмӯъ, бо бурдани корҳои фаҳмондиҳӣ иттилоъ дода шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд оғоз намуданд ва ба муваффақияти зиёд дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар, аз ҷумла энергетика, ноил гардиданд.
Мақсад ва ҳадафи асосии давлат дар соҳаи энергетика таъмини сифатноки эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои истифодабарандагони энергетика ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.Дар ин самт ҷиҳати расидан ба мақсаду ҳадафҳои стратегии мамлакат — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар муайян гардида, корҳои зиёд амалӣ шудааст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ имконнопазир аст.
Барои рушди энергетика дар баробари бунёди нерӯгоҳҳои хурду калон кӯшишҳои зиёде рӯи коранд, аз ҷумла, лоиҳаҳои «Кам намудани талафоти нерӯи барқ» ва «Гузаштан ба низоми ягонаи биллингӣ» бомаром идома доранд, вале новобаста аз корҳои анҷомдода сатҳи талафоти нерӯи барқ дар кишварамон нигаронкунанда мебошад.
Дар ин бобат санаи 15-уми апрели соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд.Ҳадафи асосӣ аз ворид намудани тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нав — моддаи 2531 пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби нерӯи барқ ва вайронкуниҳои қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад.
Моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Риоя накардани қоидаҳои истифодаи қувваи барқ ва гармӣ» ном дошта, барои истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, худсарона пайваст шудан (насб шудан) ба шабакаҳо ва дастгоҳҳои таъминоти барқ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилотҳои таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани пломбаҳои муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин, аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят ба шахсони воқеӣ аз бист то сӣ, шахсони мансабдор аз сӣ то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин мешавад.
Субъекти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ шахси воқеӣ, шахси мансабдор ва шахси ҳуқуқӣ шуда метавонад.
Дар фарҷоми мулоқоти мазкур, Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек зимни баромади хеш зикр карданд, ки истифодаи самараноки нерӯи барқ яке аз масъалаҳои стратегии миллӣ ба шумор рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 98% нерӯи барқи худро аз манбаъҳои барқароршаванда – асосан нерӯи об истеҳсол менамояд.
Бо ин нишондиҳанда кишвари мо дар ҷаҳон дар сафи пеш қарор дорад. Бо вуҷуди ин, талабот ба нерӯи барқ махсусан дар фасли зимистон афзоиш меёбад ва истеъмоли ғайриоқилона боиси фишор ба шабакаҳои энергетикӣ мегардад.
Дар ин радиф, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, ки“Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст”.Ҳадафу мароми дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои андешида истодаи Ҳукумати кишвар танҳо барои самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, расидани ба истиқлоли комили энергетикӣ – яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии кишвар ва пешгирии бо ҳар гуна роҳу воситаҳои пӯшида истифода бурдани нерӯи барқ, ки ба буҷаи мамлакат хисороти зиёди иқтисодӣ меорад ва барои рушди кишвар монеъ мешавад, мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки дар доираи дастгириҳои навбатии Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи баланд бардоштани сатҳу зиндагии аҳолӣ ва рушди соҳаи саноат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов трансформатори нави иқтидораш 40 ҳазор кВА бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ ва дастрас карда шуд.Бинобар ин ҳар як шаҳрвандро лозим аст муқаррароти дар боло зикршударо қатъиян риоя намуда, илова бар ин, дар истифодаи нерӯи барқ сарфакор бошанд.
Ҳамчунин, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Юлдошзода Олимбек барои баргузории чунин мулоқот ба ҳайати гурӯҳи ташрифотии сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуда, ин мулоқоти судмандро саривақтӣ дониста, иброз намуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда ҷоннок ва самараовару натиҷабахш роҳандозӣ карда мешавад ва ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба дастовардҳои арзанда дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ободонию созандагӣ дар якҷоягӣ бо масъулону сокинони ноҳия кӯшиш ба харҷ дода, дар партави ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмат мекашанд.







