БАРГУЗОРИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ БАЙНИ ДАСТАҲОИ “МЕҲРОБОД”-И НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ ВА “ХИСТЕВАРЗ”-И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ОҒОЗИ ЛИГАИ ДУЮМИ ФУТБОЛИ МИНТАҚАИ СУҒД

image_pdfimage_print

“Варзиш яке аз василаҳои муҳимми ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи нерӯву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад“.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, хосатан футбол таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Футбол аз ҳама намуди маъмул ва дӯстдоштатарини омма буда, механизми муҳим барои инкишофи ҷисмониву руҳӣ ва тарбияи шахс ба ҳисоб меравад.

Ҷиҳати рушд ва тақвият бахшидани футбол Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 роҳандозӣ гардидааст. Дар ин замина, бо мақсади оммавият, тарғибу ташвиқи варзиш дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек даври аввали Лигаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол дар минтақаи Суғд байни дастаҳои Меҳробод ва Хистеварз баргузор гардид.

Роҳбари ноҳия Юлдошзода Олимбек ба варзиш ва махсусан ба рушди футбол таваҷҷуҳи хоса доранд ва дар бозиҳои даста ба варзишгоҳ ташриф оварда бозиро аз наздик тамошо карданд. Ҳамчунин ба варзишгоҳ теъдоди зиёди сокинон барои тамошои бозӣ ҳозир гардида буданд, ки ин дастгирӣ ба футболбозони даста руҳияи тоза мебахшад ва онҳо бозии ҷолибро нисори мухлисон мекунанд.

Мусобиқаи варзишии футбол ҷолибу диданӣ сурат гирифт. Бозингарони дастаи “Меҳробод”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, имкониятҳои зиёди голзаниро ба вуҷуд оварданд, ки дар натиҷа ба задани 9 тӯб ба дарвозаи ҳариф мушарраф гардиданд. Бозингарони дастаи меҳмон низ кӯшиши зиёд намуда, ба задани як тӯб ноил гардиданд.

Бо натиҷаи 9 (МЕҲРОБОД)– 1(ХИСТЕВАРЗ) бозӣ ба охир расид.Ҳаминтавр, анҷоми марҳилаи мусобиқаи футбол байни дастаҳои “Меҳробод” ва “Хистеварз” дастаи “Меҳробод”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо 9 хол пешсафи худро дар ҷадвали мусобиқа устувортар нигоҳ дошта, ғолибиятро ба даст оварданд.

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек бозингарони дастаи “Меҳробод”, аз ҷумла кулли варзишгарони ноҳияро ба даст овардани ғолибият табрик намуда, бо пазируфта шудани ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба расман эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” иброз намуда, аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ёдовар шуда, аз ҷавонон ҷиҳати пайваста машғул шудан ба варзишро даъват ба амал оварданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дастаи “Меҳробод”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов минбаъд низ дар мусобиқаҳои футбол фаъолона рақобатпазирӣ намуда, дар ҷадвали мусобиқа талош меварзад ва умед аст, ки дар минтақаи Суғд ба қаҳрамонӣ даст ёфта, роҳи худро барои фатҳи қуллаҳои нав боз мекунад.