Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода оид ба вохӯрии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят дар МД “Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ” воқеъ дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек бо донишҷӯён аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар ин муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят таҳсил мекунанд, ташкил ва баргузор гардид.
Ҳамчунин, дар вохӯрӣ намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Рустамзода Сухроб ширкат варзиданд.
Нахуст, Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек қайд намуданд, ки “Нақш, саҳм ва мавқеи ҷавонони кишвар зери роҳнамоии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки воқеан ҷавонони созанда ва худшиноси мо ба қадри арзишҳои муқаддаси милливу давлатӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ ва заҳматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат расида, дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз иродаи қавӣ доранд.
Ғамхориву дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Сарвари давлат нисбат ба ҷавонон пайваста зоҳир мегардад, ки баргузории вохӯрии имрӯзаи мо бо донишҷӯёни муассисаҳои давлатии таҳсилоти олӣ ва касбии вилоят шаҳодати ин гуфтаҳост. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба Шумоён, ки ояндаи пешбурди ноҳия ва ҷомеа мебошед, такя намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ чораҳои амалӣ меандешад. Ҳар як донишҷӯи ватандӯсту ватанпарвар, бедордилу худогоҳ ва бонангу номус новобаста аз ҷойи таҳсилаш, бояд ба диёри худ меҳри фарзандӣ дошта бошад ва барои ободу зебо гардонидани он дониш, маҳорат ва ғайрати худро дареғ надорад”.
Қайд гардид, ки Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омаданашон ба илму маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳанд ва боиси зикр аст, ки Шумо, ҷавонони имрӯзаи саодатманди Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар замоне умр ба сар мебаред, ки барои таҳсил, кору фаъолият ва рушду нумӯи кишвари азизамон тамоми шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳсилу илмомӯзии ҷавонон шароитро муҳайё кардаанд ва аз Шумо талаб карда мешавад, ки бо баҳои хубу аъло хонед, чун мутахассисони соҳибкасб ба камол расед ва дар пешбурди ҷабҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи диёри азизамон саҳми арзанда гузоред.
Маҳз бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Шумо, бошандагони ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар қатори ҷавонони хушбахттарини Тоҷикистони азиз дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд илм омӯхта истодаед. Зикр кардан бамаврид аст, ки имрӯзҳо аз ҳисоби сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов 1872 нафар дар донишкадаву донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят таҳсил карда, сатҳи донишро баланд бардошта истодаанд. Дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 23330 нафар сокини ноҳия маълумоти олӣ гирифтанд ва аксари онҳо дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия, вилоят, мамлакат ва берун аз он кору фаъолият мебаранд.
Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои толибилмони аълохон ва аз оилаҳои камбизоат ҷудо карда мешавад, ҳамасола босамар истифода мегардад. Айни ҳол 12 нафар ҷавону духтарони ноҳияи Ҷаббор Расулов тавассути Квотаи президентӣ дар донишкадаву донишгоҳҳои вилояти Суғд таҳсил карда истодаанд.
Ҳамчунин, 41 нафар ҷавонони фаъоли ноҳия сазовори унвони “Гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошанд. Дар ноҳия ҷиҳати дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббусҳои мусбии ҷавонон озмун барои дарёфти Стипендияи Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов барои соли таҳсили 2025-2026 ташкил ва баргузор гардида, дар натиҷа 20 нафар ҷавонон сазовори унвони “Гирандаи стипендияи Раиси ноҳия” гардиданд.
Бо иқдоми Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар вилоят ҳамасола барои дарёфти Стипендияи Раиси вилоят озмун баргузор карда мешавад. Боиси хушнудист, ки аз ҳисоби донишҷӯёни ноҳияи Ҷаббор Расулов дар соли таҳсили 2025-2026 3 нафар аълохонҳо ба гирифтани Стипендияи Раиси вилоят ноил гардиданд.
Ҷавобан ба ғамхорию меҳрубониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки Шумо ҷавонон вазифадор ҳастед, ки пеш аз ҳама, бо баҳои хубу аъло таҳсил намоед, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, барои баланд бардоштани сатҳи донишу маҳорати хеш беш аз пеш ҷидду ҷаҳд намоед – иброз доштанд Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек.
Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Рустамзода Сухроб дар бобати нақшаи муассири дастпарваронаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят аз ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар рушду нумуи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят бо фаъолиятҳои ибратбахш баромад намуда, ҷавононро бо такя ба гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат барои азхуд кардани илму дониш, ҳамчун мутахассиси сатҳи баланд ба воя расидан, саҳмгузор гардидан барои боз ҳам пешрафт гардидани соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ даъват намуд.
Дар ҷараёни баргузории вохӯрӣ якчанд нафар донишҷӯён ба сухан баромада, нахуст барои муҳайё кардани шароити хуби таҳсил, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек изҳори миннатдорӣ намуда, пешниҳодҳои худро баён карданд.
Дар идомаи вохӯрӣ аз ҷониби Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек ба 200 нафар донишҷӯёне, ки ятими кул, нимятим, аз оилаи камбизоат ва аълохон ҳастанд, кӯмакпулии яквақтаина тақдим гардид.
Дар фарҷом барномаи рангини фарҳангӣ – театрикунонидашудаи аҳли ҳунари ноҳияи Ҷаббор Расулов пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.








