Бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, № АП-1677 “Дар бораи баргузории нишасти матбуотӣ дар мақомоти давлатӣ” дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2026 доир гардид.
Дар нишасти матбуотӣ муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахш ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони васоити ахбори омма, рӯзноманигорони вилоятӣ ва ноҳиявӣ ва дигар шахсони дахлдор ширкат варзиданд.
Дар ибтидо, Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар давоми нимсолаи аввали соли 2026 маълумот доданд.
Тавре зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолияташро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ мондааст.
Қайд карда шуд, ки мардуми шарафманди ноҳияи Ҷаббор Расулов бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи комил, ваҳдату ягонагӣ, сарҷамъиву муттаҳидӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии кишвари азизамон аҳлона меҳнат намуда, дар давраи ҳисобии соли ҷорӣ бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.
Ҳамчунин дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, соҳибкорон ва сокинони ноҳия вусъати корҳои ободониву созандагӣ аз ҷумла мумфарш намудани роҳҳои маҳаллӣ бо маром идома дошта, дар ду моҳи охир дар ноҳия зиёда аз 100 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш шуда, бо ин нишондиҳанда ноҳияи Ҷаббор Расулов дар миқёси вилояти Суғд мақоми аввалро соҳиб аст. – иброз намуданд роҳбари ноҳия Юлдошзода Олимбек.
Дар ин росто, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Дар натиҷа, аксари нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия нисбат ба соли қаблӣ мусбат арзёбӣ гардида, рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин карда шуданд. Баъдан намояндагони васоити ахбори омма вобаста ба корҳои ободониву созандагӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, тадбирҳои пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷинояткорӣ ва дигар масоили мубрам саволҳо пешниҳод карда аз ҷониби Раиси ноҳия ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Дар интиҳои нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек ба аҳли қалам изҳори сипосмандии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро баён намуда, намояндагони васоити ахбори оммаро ҷиҳати вусъати робита ва ҳамкории судманд баҳри муаррифии имконият ва бурду бохти ноҳия даъват ба амал оварда дар корҳои ояндаашон барору комёбиҳои бепоён изҳор карданд.



