Санаи 1-уми августи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, бо рафти корҳои саҳроӣ ва ҷараёни бунёдкориҳо шинос гардид.Раиси вилоят нахуст дар Ҷамоати деҳоти Гулхона бо фаъолияти аъзои хоҷагиҳои деҳқонии “Деҳқони нав” ва “Файзи нур” таваҷҷуҳ зоҳир кард.Тибқи иттилои масъулин хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав” соли 2008 ташкил шудааст. Дар он 14 саҳмдор фаъолият доранд ва хоҷагии деҳқонӣ дорои 8,22 гектар замини корами обӣ мебошад. Деҳқонон ба боғпарвариву пахтакорӣ машғул буда, дар хоҷагӣ боғи анору себ ва дигар меваҳо мавҷуд аст. Инчунин дар 3 гектар пахта кишт гардида, ҳосили кишоварзон асосан дар бозорҳои маҳаллӣ ба фурӯш гузошта мешавад.Хоҷагии деҳқонии “Файзи нур” дорои 6 гектар замини корами обӣ мебошад. Дар ин хоҷагии деҳқонӣ дар 5,2 гектар пахтаи навъи “Дӯстӣ”, аз он ҷумла 1 га байниқаторӣ (дар дохили боғ) кишт карда шудааст.Раиси вилоят бо нашъунамои пахта дар хоҷагиҳои зикршуда шинос шуда, барои истифодаи ҳар порча замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ҳавасмандсозии кишоварзон ба масъулин дастуру супоришҳо дод.Таъкид гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ аз фаъолияти пурсамари кишоварзон вобаста буда, дар вилоят барои парваришу истеҳсоли анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.




