Дар ҷамоати деҳоти Гулхона Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода нашъунамои ниҳоли пахтаро мавриди назар қарор дод.Хоҷагии деҳқонии “Рамазон” аз зумраи хоҷагиҳои пешқадами пахтакор ба ҳисоб рафта ҳамасола ҳосили баланди пахтаро ба даст меорад. Соли равон заҳматкашони хоҷагӣ дар масоҳати 20-гектар пунбадонаи навъи хориҷии серҳосил кишт намуда имрӯзҳо нашъунамои он мувофиқи мақсад мебошад.Бояд қайд намуд, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои деҳқонони ноҳия тамоми шароити мусоид аз ҷумла дастрасӣ ба оби полезӣ муҳайё карда шуда, ҳамасола ҳосилнокӣ баланд бардошта мешавад. Соли ҷорӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони 6000 гектар пахта кишт карда шуда кишоварзони ҳимматбаланди ноҳия азм доранд соли ҷорӣ аз хар гектар зиёда аз 30 центнери тиллои сафед ҷамъовари намоянд. Соли ҷорӣ бо дастгирии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода тамоми пойгоҳҳои обкашӣ саривақт ба мавсими нави кишту кори баҳорӣ омода карда шуда, барои беҳтар кардани обёри ду дастгоҳи муосири обкашӣ ворид карда шуд, ки дар натиҷа муаммои танқисии оби полезӣ дар ноҳия пурра бартараф гардид.


