
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди дастгирии оилахои ниёзманд ва шахсони маъюбият дошта Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оилахои камбизоат ва маъюбро аёдат намуд.Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сокини деҳаи Заркор маъюби гурӯҳи дуюм Саттор Миршарипов, оилаи ниёзманд ва маъюб Норбоева Нилуфар сокини Ҷамоати деҳаи Деҳмой ва оилаи маъюби гурӯҳи якум Шерзод Исмоиловро аёдат намуд. Зимни сӯҳбати самими роҳбари вилоят зикр дошт, ки шарту шароит ва имконияти зисту зиндагонии нафарони имконияташон маҳдуд зери таваҷҷуи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин радиф дар қаламрави вилоят пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ниёзмандон, пирону барҷомондагон ва маъюбон як ҷузъи муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, дар ин доира пайваста тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад. Ба оилаҳои аёдат шуда маводи ниёзи аввалияи хӯрокворӣ, тӯҳфа ва маблағҳои пулӣ супорида шуд.Ҷавонони аёдат шуда барои чунин самимият ва таваҷҷӯҳ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимӣ изҳор доштанд.




