Санаи 16 сентябри соли 2026 Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов аз рафти корҳои азнавсозии варзишгоҳи марказии ба номи «Ҷавонӣ»-и ноҳия боздид намуданд.
Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ аз ҷониби Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек иттилоъ дода шуд, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонону наврасон, бахусус варзишгарон ва футболбозони ноҳия, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша корҳои азнавсозии варзишгоҳ ба роҳ монда шуда, айни ҳол пурра ба итмом расонида шудааст.
Дар доираи корҳои анҷомдодашуда дар варзишгоҳи марказии ноҳия барои 2000 нафар тамошобин ҷойи нишасти замонавӣ бо ҷои нишасти алоҳида барои меҳмонони алоҳида сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода барои идомаи корҳои ободонӣ, нигоҳдории сатҳи баланди хизматрасонӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои варзишгоҳ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.Таъкид гардид, ки навсозии варзишгоҳ барои баргузории мусобиқаҳои гуногуни сатҳҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ, ташкили машқу тамрини варзишгарон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди футбол ва дигар намудҳои варзиш заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки рушди инфрасохтори варзишӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои машқу тамрини ҷавонону наврасон яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба тарбияи насли солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.



