Зимни сафари корӣ санаи 16 сентябри соли 2026 Раиси вилояти Суғд аз рафти корҳои сохтмонии бинои маъмурии Раёсати омори ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд.Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои Раёсати омори ноҳия 24 июни соли 2024 оғоз гардидааст. Фармоишгари иншоот Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмониро Корхонаи мутаҳаррикии марказонидашудаи №44 ба уҳда дорад. Арзиши лоиҳавии бино 1 миллиону 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дар таҳхона ду ҳуҷраи бойгонӣ ва як ҳуҷраи техникӣ ҷойгир шудааст. Дар ошёнаи якум ду ҳуҷраи корӣ барои шаш нафар пешбинӣ гардидааст. Ошёнаи дуюм аз қабулгоҳ, ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ бо 20 ҷойи нишаст иборат мебошад.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар бино ба анҷом расида, иншоот дар арафаи баҳрабардорӣ қарор дорад. Бино ҳамчун яке аз иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст.Раиси вилояти Суғд ба масъулин дастур дод, ки корҳои ороишӣ ва ободонии биноро дар муҳлати кӯтоҳтарин ва бо риояи талаботи меъморӣ ва сифати баланди сохтмон ба анҷом расонанд.



