Раиси вилояти Суғд дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов аз рафти корҳои сохтмонӣ ва ороишии тарабхонаи замонавии «Осиё», ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Амонқулов Алиҷон бунёд гардидааст, боздид намуд.
Иншооти мазкур дар маркази шаҳраки Меҳробод бо ҷалби маблағҳои соҳибкори ватанӣ зиёда аз 5 миллион сомонӣ сохта шуда, барои 75 нафар сокинони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад.
Бунёду ба истифода додани чунин иншооти хизматрасонӣ дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, сурат гирифта истодааст.
Сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани фазои мусоиди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи дохилӣ, рушди бахши хусусӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ ва ороишии тарабхона тибқи талаботи муосир ба роҳ монда шуда, иншоот баъди ба истифода додан метавонад ба рушди соҳаи хизматрасонӣ ва ғанӣ гардонидани инфрасохтори иҷтимоии ноҳия мусоидат намояд.
Раиси вилояти Суғд ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ороишӣ таваҷҷуҳ намуда, барои анҷоми босифати корҳои боқимонда, ободонӣ ва кабудизоркунии атрофи иншоот, инчунин истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки ҷалби бештари соҳибкорони ватанӣ ба корҳои созандагиву ободонӣ ва бунёди иншооти муосир яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодию иҷтимоии маҳалҳо ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи татбиқи ташаббусҳои созанда ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шуда, сатҳи зиндагии аҳолӣ беҳтар мегардад.



