Санаи 16 сентябри соли 2026 Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳамроҳии Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек дар маъракаи пахтачинӣ дар Кооперативи тиҷоратии “Абдуғанӣ” воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Гулхона иштирок карданд.
Чуноне мушоҳида гардид, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маъракаи ҷамъоварии “тиллои сафед” бо маром идома дошта, саҳмдорон барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ба саҳро баромадаанд.
Маъракаи имсолаи ҷамъоварии пахта дар ноҳия бо азму иродаи қавии саҳмдорон ва ҳавасмандии зиёд оғоз гардида, кишоварзон барои дар муҳлатҳои муайян ҷамъоварӣ намудани ҳосил талош доранд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни ширкат дар маъракаи ҷамъоварии “тиллои сафед” дар Кооперативи тиҷоратии “Абдуғанӣ” таъкид намуданд, ки пахта ашёи муҳими саноатӣ буда, бояд сари вақт ҷамъоварӣ карда шавад.
Дар ин рӯз майдони пахтазори Кооперативи тиҷоратии “Абдуғанӣ” фазои идона дошт. Барои болидагии хотири чинакчиён ҳайати ҳунармандони ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ба майдони пахтазор омада, барномаи фарҳангӣ пешкаш намуданд.
Бояд гуфт, ки соли 2026 дар заминҳои Кооперативи тиҷоратии “Абдуғанӣ” дар майдони 7 гектар пахта кишт карда шудааст. Ба таъкиди масъулон, имсол ҳосили пахта хуб буда, интизор меравад, ки аз ҳар гектар аз 50 то 60 сентнер пахта ҷамъоварӣ карда шавад.Дар баробари пахта дар заминҳои кооператив дар майдони 3 гектар гандум, 2 гектар ҷуворимакка, 1,5 гектар шолӣ ва 3 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим намуда, изҳори боварӣ карданд, ки соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов яке аз аввалинҳо шуда, аз иҷрои нақшаи пахтасупорӣ мужда мерасонанд.



