ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ ТАҶЛИЛ ГАРДИД

image_pdfimage_print

«Таъмини бехатарии аҳолӣ, ҳифзи ҷону моли шаҳрвандон ва муҳофизати иншооти муҳими давлатӣ аз ҳар гуна хатару офатҳо вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти бузурги сохторҳои масъул мебошад.»

Эмомалӣ Раҳмон

Дар Қисми мустақили 22-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ҷаббор Расулов Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ бо иштироки Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек чорабинии тантанавӣ доир гардид.

Нахуст, Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек роҳбарият ва ҳайати шахсии кормандони Қисми мустақили 22-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ҷаббор Расуловро бо иди касбӣ, ба ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, ба онҳо саодати рӯзгор, файзу нусрат ва дар фаъолияти хизмативу касбиашон пирӯзиҳо таманно намуданд. Итминони он карда шуд, ки минбаъд низ онҳо бо садоқату матонат дар иҷрои вазифаҳои бомашаққату пурмасъули худ дар самти пешгирӣ аз сӯхтор саҳми арзанда мегузоранд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» дар қаламрави кишвари азизамон ҳамасола санаи 30-июл ҳамчун Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ таҷлил карда мешавад. Хадамоти давлатии оташнишонии кишвар таърихи 98 сола дошта, санаи 30 июли соли 1928 аввалин дастаи оташнишонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст, ки минбаъд ин сана ҳамчун иди касбии оташнишонӣ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.

Вазифаҳои асосии фаъолияти кормандони ин мақомот ба таъмини ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамон, моликият, сарвати миллӣ ва муҳити зист дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор, пешакӣ муайян кардани ҳадди хатари фаъолияти ташкилоту шаҳрвандон, таълими чораҳои пешгирӣ ва амалӣ гардонидани тадбирҳои пешгирӣ дар соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор, зарурати оташнишонӣ, ташкили хомӯшнамудани сӯхтор, анҷом додани корҳои аввалияи садамавӣ-наҷотдиҳӣ аз фалокат ва дигар корҳои зарурӣ нигаронида шудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолии ватани маҳбубамон бо дастгириву пуштибонии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини заминаҳои моддӣ – техникии сохторҳои Хадамоти давлатии оташнишонии Ҷумҳурии Тоҷикистон,тарбия намудани мутахассисони баландихтисос, фароҳам овардани фазои мусоиди корӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагӣ қарор дорад.

Ҳамагон медонанд, ки дар ҳаёт аз наҷоти ҷони инсон чизи наҷибтаре нест. Дар ҳама давру замон беҳтаринҳо барои сӯхторхомӯшкунӣ интихоб карда мешуданд. Дар тӯли солҳои мавҷудияти худ, ниҳоди сӯхторнишонӣ бисёр марҳилаҳоро паси сар кард, аммо ҳадафҳо ва вазифаҳои хидмат бетағйир монданд – хомӯш кардани оташ ва наҷоти одамон. Мутахассисони ин касб ҳамеша бо далерӣ, ҷасорат, муҳаббат ва садоқат ба кори худ ва омодагии ҳамешагӣ матонат нишон медиҳанд, зеро мубориза бо оташ ҳар рӯз аз онҳо кордониву зиракӣ,тахассуси баланд ва мардонагии шахсиро талаб мекунад.

Алҳол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Қисми мустақили 22-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолияти хизматӣ дошта, дар ин қисми оташнишонӣ сӯхторнишонони соҳибтахассус фаъолияти пурсамар намуда истодаанд.

Қисми мазкур бо таҷҳизот ва техникаҳои муосир ҷиҳозонидашуда, кормандони ин ниҳод ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов минбаъд низ бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар иншооти хоҷагии халқ, минтақаҳои аҳолинишин ва хонаҳои шахсӣ, ташкилоту муассисаҳо ва аз ҳама муҳимаш он ҷойҳое, ки кӯдакони мо тарбияву таҳсил менамоянд, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, баҳри иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷидду ҷаҳд менамояд. -иброз доштанд Раиси ноҳия.

Изҳори итминон карда шуд, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қатории ин ниҳод, минбаъд низ барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, таъмини зиндагии осоиштаи мардум маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд. Сипас, роҳбарият, ҳайати кормандон ва собиқадорони соҳа аз ҷониби Раиси ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов қадрдонӣ гардиданд.

Дар фарҷом ҳайати кормандони Қисми мустақили 22-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Ҷаббор Расулов аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои пайваста пеш аз ҳама ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуданд.