ДИДОРБИНӢ БО СОБИҚАДОРИ СОҲАИ МАОРИФ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ СОМОНИЁН

image_pdfimage_print

Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 27 июни соли 2026 Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек дар деҳаи Ӯзбекқишлоқи Ҷамоати деҳоти Сомониён собиқадори соҳаи маориф Нуриддинов Тошмаматро аёдат намуда, бо ҷашни бузурги гаронарзиш Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфтанд.

Аёдатшуда Нуриддинов Тошмамат соли таваллудаш 1946, истиқоматкунандаи деҳаи Ӯзбекқишлоқи Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошад.Зиёда аз 50 сол дар соҳаи маориф дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамчун омӯзгори фанни забони англисӣ фаъолияти пурсамар намудааст.

Соҳиби 4 фарзанд – 3 писару 1 духтар 11 набера ва 20 абера мебошад.Роҳбари ноҳия иброз доштанд, ки собиқадорон ва нафарони хизматнишондода ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста тадбирҳои амалӣ ҷиҳати қадршиносии хизматҳои софдилонаи собиқадорони соҳаҳои мухталиф, ки дар пешрафти давлату ҷомеа саҳми назаррас гузоштаанд роҳандозӣ карда мешавад.

Ба аёдатшуда барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф ва бахшида ба ҷашни бузурги гаронарзиш Рӯзи Ваҳдати миллӣ туҳфаҳои идона аз қабили маводҳои ширинӣ, мева ва туҳфаи хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дастрас карда шуданд, ки ин иқдом на танҳо дар иду ҷашнвораҳо, балки минбаъд низ идома дода мешавад.

Аёдатшуда барои таваҷҷуҳу ҳолпурсӣ ва иқдоми нек ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин ҷода ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, ҳамчунин ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов миннатдории самимии худро баён намуд.