ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №28 ВОҚЕЪ ДАР ДЕҲАИ САМИЕВИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҒӮЛАКАНДОЗ БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

image_pdfimage_print

Дар пайравӣ ба иқдомҳои ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҳамчунин дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар муассисаи таълимии №28 воқеъ дар деҳаи Самиеви Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед толори варзишии замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Толори варзишӣ барои тамрин аз намудҳои гӯштини миллӣ, гӯштингирӣ, чудо ва самбо пешбинӣ карда шуда, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, кумитаи падару модарон тариқи ҳашар ба маблағи умумӣ 700 ҳазор сомонӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов зиёда аз 60 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.

Дарозии толори варзишӣ 24 метр ва паҳноияш 12 метр буда, масоҳати умумии он 288 метри мураббаъро ташкил медиҳад.Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин иншооти муҳим ба хонандагон, ҷавонон ва варзишгарони муассиса имконият фароҳам меорад, ки дар шароити муносиб ба тарбияи ҷисмонӣ ва машғулиятҳои гуногуни варзишӣ бештар машғул шаванд, маҳорати варзишии худро такмил диҳанд ва тарзи ҳаёти солимро пеш баранд.Маврид ба зикр аст, ки имрӯз дар ҳудуди ноҳия 30 толори варзишӣ, 2 варзишгоҳ, 58 майдончаи варзишӣ ва 5 мактаби варзишӣ фаъолият доранд.

Давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ 3 майдончаи варзишӣ ва 2 толори варзишӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тариқи ҳашар сохта, ба истифода дода шуд.Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, ҷавонон ва варзишгарони деҳаи мазкур имкон пайдо намуданд, ки бештар ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.

Зимни суханронӣ дар маросими ба истифода додани иншооти варзишӣ Раиси ноҳия Юлдошзода Олимбек ба волидайни хонандагон ва ташкилкунандагони ин ташаббуси созанда миннатдории худро баён намуда, зикр намуданд, ки дар ҷаҳони муосир яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлату миллат ин соҳаи варзиш ба ҳисоб меравад ва вобаста ба ин иншооти варзишии мазкур барои машқу тамрин, пешбурди тарзи ҳаёти солим ва обутоби ҷисмонии наврасону ҷавонон пешбинӣ гардида, тақвият бахшандаи ғамхориҳо ба насли ояндасози Ватан мебошад.

Дар фарҷом бо чанде аз варзишгарони варзидаи муассисаи мазкур суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро тақдим намуданд.