Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад. Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 9 сентябри соли 2025 дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ” – и шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нурмаҳмадзода Ҷамшед, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин ва сокинон, собиқадорон ва меҳмонон аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Нахуст, Раиси ноҳия муҳтарам Юлдошзода Олимбек меҳмонону сокинонро ба ифтихори 34 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, иброз доштанд, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин неъмат ва асоси сарнавишти ободу осоиштаи мардуми тоҷик мебошад. Маҳз бо шарофати Истиқлол ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Зикр гардид, ки Истиқлол бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик аст, ки ба мо имкон дод сарнавишти худро мустақилона муайян намоем, давлатдории миллиро эҳё ва таҳким бахшем, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ва маънавиро эҳё ва рушд диҳем. Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки садсолаҳо миллати тоҷик орзуи доштани давлати соҳибистиқлолро дар дил мепарварид ва маҳз дар соли 1991 ин ормони бузург амалӣ гашт.
Гуфта шуд, ки маҳз сиёсати бобарор ва таҷрибаи нодири мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зарфи 34-соли соҳибистиқлолӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи Тоҷикистон ва барномаҳои мукаммалу натиҷабахши соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, аз ҷумла саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаёти мардум муваффақона таъмин карда шуданд.
Дастоварди бузургтарини мо дар замони Истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем ва қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.
Ҳамзамон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед, паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муҳтарам Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин, паёми шодбошии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода ба муносибати ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Дар идомаи чорабинӣ ба ифтихори ҷашни 34 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як чанд нафар фаъолони ноҳия барои дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, илм, фарҳанг, саҳми назаррас дар хизмати давлатӣ, ҳарбӣ ва кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамзамон иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, бо Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Медалҳои сарисинагии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳавӣ Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷом, барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон намоиш дода шуд, ки он тараннумгари сулҳу дӯстӣ, муҳаббат ба Ватан ва сарзамини аҷдодӣ буд, барномаи мутантанро ҳусни анҷом бахшида, табъи иштирокчиёнро болида гардонид.






