Конференсияи муштараки ғайринавбатии XXXIII Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Зафаробод

image_pdfimage_print

Санаи 27 феврали соли 2021 дар маҷлисгоҳи МИҲД-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Конференсияи муштараки ғайринавбатии XXXIII Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Зафарабод баргузор гардида, дар Конференсия масъалаи пешниҳоди номзад ба вакилии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов №16» ба ҷои вакили хориҷшуда баррасӣ карда шуд. Раёсати кории Конференсия иборат аз 5 нафар: раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод¬ Шарифзода Туйғун Тоҳир ва собиқадори ҳизб Рӯзибоева Барно интихоб шуданд.Дар кори Конфренсия раисони ТИ, роҳбарони муассисаҳо, аъзоёни фаъоли ҳизб, вакилони халқ, занону духтарон, соҳибкорон, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок доштанд.Конференсия номзадии Файзулло Қосимиро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Ҷаббор Расулов №16» пешбарӣ намуд ва қарорҳои дахлдори Конфренсия қабул гардиданд.

Дар кори Конференсия раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Шарифзода Туйғун Тоҳир ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Одилзода Рустам баромад намуда ба номзад, фаъолони ҳизб ва аъзоёни гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотии Кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Зафаробод барои дар интихобот ба натиҷаҳои баланди овоздиҳӣ ноил шудан дастурҳои дахлдор доданд.