МАҶЛИСИ МАШВАРАТИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ БАРГУЗОР ГАРДИД

image_pdfimage_print

Ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супориши Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси машваратии назди Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Юлдошзода Олимбек оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Нахуст, Раиси ноҳия ибрози андеша намуда, зикр карданд, ки татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои деҳқонӣ на танҳо барои таҳкими иқтисодиёти миллӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум аҳамияти муҳим дорад, балки заминаи боэътимод барои содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ низ ба шумор меравад.

Ҳамчунин, дар маҷлис пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, тарбияи дурусти фарзандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷоннок намудани корҳои ободонию созандагӣ, бепарвоӣ зоҳир накардан ва ҷиддӣ муносибат намудан ҷиҳати иҷрои вазифаҳо суханронӣ карда шуд.

Роҳбари ноҳия ба масъулин супориш доданд, ки иҷрои вазифаҳои гузошташударо таҳти назорати қатъӣ гирифта, бо ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳо корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия тадбирҳои амалӣ андешанд.